18 Апрел 2025 - 21:06
Source: IQNA
Ишораи Қуръон ба Масҷидул-Ақсо, шенасоии исломии ин масҷидро нишон медиҳад

Раиси пешини донишгоҳи Ал-Азҳар дар нишасти ҳафтагии Масҷиди ҷомеъи Ал-Азҳар гуфт: оғози сураи Исроъ бо ёдоварии Масҷидул-Ақсо, нишон медиҳад, ки ин масҷид ҷузъи ҷудонапазири шеносоии уммати Исломист.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Дастур, нишасти « Масҷидул-Ақсо дар Қуръон» дар доираи силсилаи нишастҳои ҳафтагии Масҷиди ҷомеъи Ал-Азҳар, рӯзи якшанбе, дар ин масҷид баргузор шуд ва Иброҳим Ал-Ҳадҳад, раиси пешини донишгоҳи Ал-Азҳар ва узви Маҷмаъи таҳқиқоти исломии Миср ва Салоҳ Ашур, устоди таърих ва раиси пешини факултети забони арабии Миср дар он суханронӣ карданд.

Иброҳим Ал-Ҳадҳад дар суханрониаш гуфт: номи Масҷидул-Ақсо дар Қуръон, на он тарзе ки баъзеҳо пиндоштаанд, танҳо дар ояти «Исроъ» наомада аст, балки дар чанд сураи Қуръон, аз ҷумла сураи Бақара, Оли Имрон, Аъраф, Қасас, Муъминин ва сураи Қоф, ёд шудааст.

Вай илова кард: Байт-ул-Мақдис сарзамини ҷамъомади мардум дар рӯзи Қиёмат ва ҷое аст, ки ҳаёт дар рӯзи Қиёмат дар он ҷон мегирад.

Ал-Ҳадҳад таъкид кард: Паёмбар (с) қадру манзилаи Масҷидул-Ақсоро ба назар гирифт ва мардумро ба рафтан ба ин масҷид фармон дод ва фармуд: «Агар касе дар он чароғе оро диҳад, гуё дар он ҷо намоз хонда аст.»

Вай таъкид кард, ки ҳаргона гӯянд, ки Масҷидул-Ақсо қаблаи ёҳудиён аст, суханҳои бофт аст ва Қуръон ҳеҷ гоҳ ин маконро ба ёҳудиён нисбат надиҳад; балки ин масҷид, қаблаи мусулмонон, сарзамини набувват ва макони баракат аст, ки Худо онро баракат дода аст.

Дар идома Салоҳ Ашур бо ишора ба ҷойгоҳи муҳимми Масҷидул-Ақсо дар миёни мусулмонон гуфт: оғози сураи Исроъ бо ёдоварии Масҷидул-Ақсо, ишораи возеҳи Қуръон ба манзилаи ин масҷид аст ва нишон медиҳад, ки ин масҷид, ҷузъи ҷудонапазири шеносоии уммати Исломист.

Вай ҳамчунин таъкид кард: ёдоварии Масҷидул-Ақсо дар паҳлӯи Масҷиди Ҳарами дар ин сура, ишораи бародари маънавӣ ва динӣ байни ин ду масҷид мебошад.

Ашур бо ҳушдор ба кӯшишҳои ишғолгарони Саҳюнистӣ барои хароб кардани Масҷидул-Ақсо бо баҳонаи ёфтан миҳраб Сулеймону гуфт: инҳо даъвоҳои нодуруст ҳастанд, ки ҳамчун пӯшидае барои яҳудизатсия кардани масҷид, хароб кардан ва шиканҷидани он дар минтақае, ки аз замонҳои қадим ҷойи зисти арабҳо будааст, истифода мешаванд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha